ОРИГИНАЛЬНЫЕ СТАТЬИ
Мақсад: омӯзиши ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва гигиении рушди синдроми метаболикӣ ва таъсири он ба раванду паҳншавии бемории подагра. Мавод ва усулҳо: дар омузиш 80 беморони гирифтори подагра, ки аз он 78 мард (97,5%), 2 зан (2,5%) мебошанд, мавриди таҳқиқот қарор дода шудааст. Хусусияти антропометрикӣ ва умумии беморони подагра аз рӯи ҷинс, синну сол ва давомнокии беморӣ дода шудааст. Дар 15 бемор (18,7%) бемории диабети қанд (ДҚ) навъи 2 ташхис шудааст. Синни миенаи беморони Д Қ навъи 2 (59,1 ±8,4) буда, давомнокии таърихи подагрикӣ бошад 7,0 сол мебошад. Барои ошкор кардани паҳншавии бемории подагра, пурсиши анкетавии 2000 нафар аҳолӣ гузаронида шуд, ки аз ҷиҳати ҳудудӣ ба муассисаҳои тиббии кумаки аввалияи тиббӣ санитарии (КАТС) ш. Душанбе таалуқ доштанд, ки дар таърихи бемории онҳо нишонаҳои клиникии синдроми пайвандии гуногун доштанд. Дар ҳамаи беморон дар меъдаи холӣ сатҳи глюкоза (усули глюкооксидази) ва кислотаи пешобӣ (КП)) дар зардоби хун (усули фермен тативии колориметрикӣ) муайян карда шуд. Инчунин таҳқиқи спектри липид-сафедаи хун холестерини умумӣ (ХС), триглицеридҳо (ТГ) ва холестерини липопротеидҳои зичиашон баланд (ХСЛПВП) бо усули колориметрикӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳо: дар байни ба тадқиқот фарогирифагон, мардон (97,5%) бартарӣ доштанд. Синни беморон дар доираи васеъ таъғир меефт, аммо асосан беморони 40-60 сола 77,5% буданд. Синни миенаи беморони подагра 51,43±8,29 солро ташкил медиҳад. Дар ин ҳолат синну соли миёнаи занон 52,8 ±2,3 буда, нисбат ба мардон каме зиедтар буд (49,3±, 52). Давомнокии беморӣ аз 1 моҳ то 18 сол фарқ мекард, ва ба ҳисоби миена 8,9 ±0,24 буд. Дар беморони то 50-сола аломатҳои маъмултарини синдроми метаболики (СМ) васешавии андозаи миён (АМ)> 102см 83.3%, баландшавии фишори хун (ФХ) 78.2%; каме камтар баландшавии сатҳи глюкозаи зардоби хун дар 54.,1% ва пастшавии сатҳи ХС-ЛПВП 54,1% и беморон муайян карда шудаанд. Гипертриглицеридемия дар 28,7% беморон мушоҳида шудааст. Дар гурӯҳи синну соли 50-60 сола нишонаҳои маъмултарини синдроми метаболики (СМ) бо коҳиши сатҳи ХС-ЛПВП дар зардоби дар 93.2% ва васешавии АМ > 102см дар 76,7% ва инчунин афзоиши ками шумораи беморони триглицеридемияи баланд дар 37.2% мушоҳида карда шуд. Дар ин синну соли аз 60 боло баландшавии ФХ бештар ба назар мерасид ва васешавии АМ, гипертриглицеридемия ва гипергликемия нисбат ба гурӯҳҳои беморони ҷавон хеле камтар аст. Хулосаҳо: маълумоти таҳлили иҷтимоӣ-гигиенӣ таъсири муайяни баъзе омилҳоро ба паҳншавӣ, давом нокии беморӣ ва ҷараени подагра бо ҷузъҳои СМ нишон медиҳад. Дар байни омилҳое, ки аҳамияти номусоид доранд, инҳоянд: синну сол, тарзи ҳаёти нишаста (гиподинамия), хусусияти ғизо, истеъмоли машруботи спиртӣ, тамокукашӣ, вазни зиёдатии бадан, фарбеҳӣ, бинобар ҳамин, ин гуруҳи одамон, ба гурӯҳи хавфи рушди беморӣ мансуб буда, барои гузаронидани тадқиқоти зарурии лабораторӣ-инструменталӣ ниёз доранд.
Мақсад: омӯзиши сохтори этиологии сироятҳои шадидирӯда (СШР) дар кӯдакони синну соли гуногун дар шаҳри Нукус. Мавод ва усулҳо: тадқиқот аз моҳииюн то июли соли 2024 дар шӯъбаи сирояти рӯдаҳои Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сироятии кӯдаконаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ 3645 нафар беморони гирифтори зуҳуроти клиникии дарунравӣ қабул карда шуданд, ки 806 нафар калонсолон ва 2839 нафар кӯдакон, ки 200 нафарашон муоина шуданд. Намунаҳои наҷосат барои сироятҳои бактериявӣ ва вирусии рӯдаҳо бо усули ПЗП таҳлил карда шуданд. Дар тадқиқот усулҳои таҳлили оморӣ (P, m, t-қиматҳо) истифода шуданд. Натиҷа: миқдори бештари ҳолатҳо дар гурӯҳҳои синну соли то 1 сола ва аз 1 то 4 сола ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо астровирус бештар ошкор карда мешуд. Сироятҳои аденовирусӣ ва норовирусӣ асосан дар байни кӯдакони аз 1 то 4 сола мушоҳида мешуданд. Shigellaspp., enteroinvasiveE. coli (EIEC), Salmonellaspp. Ва Campylobacterspp термофилӣ дар баъзе беморон ошкор карда шуданд.Шигеллёз бештар дар гурӯҳҳои синну соли то 1-сола, аз 1 то 4-сола ва 5-9-сола ошкор карда мешавад. Ҳодисаҳои бемории сальмонеллёз дар кӯдакони аз 1 то 4 солава 10 то 16 сола, кампилобактериоз бештар дар кӯдакони аз 1 то 4 сола ва 10 то 16 сола ташхис карда мешуд.Ба шаклҳои омехта коинфексияҳои вирусӣ (вирус + вирус), коинфексияҳои бактериявӣ (бактерия + бактерияҳо) ва сироятҳои омехтаи вирусӣ бактериалӣ (вирус + бактерия) дохил мешаванд. Дар кӯдакони то 1-сола ва 1-4-сола бештар вирусҳои як-этиологӣ ва бактериявӣ, инчунин СШР омехта ба қайд гирифта шудаандХулоса. Таҳлилҳо нишон доданд, ки сироятҳои шадиди рӯда (СШР) бештар дар кӯдакони хурдсол (то 1 солава 1-4 сола) маъмуланд.Муайян карда шуд, ки СШР-ҳои вирусӣ нисбат ба СШР-ҳои бактериявӣ бештар паҳн шудаанд. Дар байни шаклҳои омехта, сироятҳои марбут ба вирус ҳиссаи бештарро ташкил медиҳанд, тамоюли паҳншавии бештар дар солҳои охир дар кӯдакони то 4-сола мушоҳида шудааст. Ин бояд ҳангоми такмили ташхиси лабораторӣ ва интихоби стратегияҳои табобатии оқилона барои ин гурӯҳи синну сол ба назар гирифта шавад.
Мақсад: беҳтар кардани натиҷаҳои фаврии табобати панкреатитҳои шадиди билиарӣ бо истифода аз алгоритми табобат ва ташхиси таҳияшуда. Мавод ва усулҳо: тадқиқот дар асоси омӯзиши натиҷаи ташхис ва табобати 137 бемори гирифтори ПБШ гузаронида шудааст. Сину соли беморон аз 20 то 82 соларо ташкил медод, ба ҳисоби миёна 62,17±2,83 сол. Аз он ҷумла дар гурӯҳи тадқиқоти занҳо буданд 101 (73,7%) нафар, мардҳо – 36 (26,3%). Вақти миёнаи аз пайдоиши аломатҳои беморӣ то бистарӣ 5,11±1,89 шабонарӯзро ташкил дода, аз якчанд соат то 24 шабонарӯз мерасид. Ташхиси ПБШ дар маҷмӯъ гузаронида шуда,аз он ҷумла шикоятҳо, таърихи беморӣ, муоинаи обективӣ, ташхисҳои лабораторӣ ва асбобиро дар бар гирифтанд. Натиҷаҳо. омӯзиши статуси ситокинӣ дар беморони ПБШ, мавриди ҷой доштани холангити фассодӣ бо назардошти табобати консервативӣ, баландшавии нишондодҳои ФНО-a, IL-6 ва IL-8-ро дар зардоби хун рӯзҳои 3-4-уми аввал ва ҳамзамон нишондоди IL-4-7 дар якум шабонарӯз баъд аз амалиёт, бо пастшавӣ дар муддати вақт муайян намуд. Дар якҷоягӣ истифодабарии амалиётҳои каминвазивӣ бо табобати консервативӣ нишондодҳои ФНО-a, IL-4 ва IL-6 дар талхаи беморони бо намуди панкреатити билиарӣ самаранок паст намуд, ки дар муқоиса бо марҳилаи то амалиёт консентратсияи ФНО-a, IL-4 и IL-6 дар талха мутлақан дар ҳудуди 72,0, 47,6 ва 80,3% кам буд. Дар марҳилаи баъди амалиёти якҷоягии каминвазивӣ бо табобати консервативӣ, дар 3 рӯзи аввал, беҳтаршавии ҳолати беморон дар ҳама 65 мушоҳида ба қайд гирифта шуд. Бистаришавии миёна 8,3±1,1 шабонарӯзро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо беморони гурӯҳи дуюм 26,8±2,2 шабонарӯз. Оризаҳои баъди ҷарроҳӣ дар 4 (6,1%) бемор ба қайд гирифта шуд, ба муқобили 14 (19,4%) ҳолат дар беморони бо амалиётҳои анъанавӣ. Дар 2 (2,8%) ҳолат баъди амалиётҳои анъанавӣ фавт ба наза расид, ки ба афзоиш ёфтани ҳолати норасогии полиорганӣ вобастагӣ дошт. Хулоса: усулҳои муосири лабораторӣ ва асбобӣ имконият доранд, ки оризаҳои ПБШ-ро тавсиф ва пешгӯӣ намоянд. Ҳамзамон амалиётҳои якҷояи каминвазивӣ имкони медиҳанд, ки натиҷаи табобати БПШ-ро беҳтар гардонанд.
Мақсад: беҳтар кардани оқибатҳои перинаталӣ дар занони ҳомилаи дорои гипертензияи музмин ва бо анамнези бачапартоии одатшуда. Мавод ва усулҳо: ҳамагӣ 70 зани ҳомила бо гипертензияи музмин муоина карда шуданд. Аз ин шу мора 30(42,9%) нафар занони ҳомила бо гипертензияи музмин, ки аз омодагии прегравидари гузашта ва дар анамнезашон исқоти ҳамл ва таваллуди бармаҳал доштанд ва 40(57,1%) зани ҳомилаи дорои гипертензияи музмин буда, аз омодагии прегравидарӣ нагузаштанд (гуруҳи муқоисавӣ). Натиҷаҳо: таҳлилҳо нишон доданд, ки дар байни занони ҳомила, ки прогестерон истифода бурданд, басомади таваллуди мӯҳлатнок 92,5 фоиз ва таваллуди пеш аз муҳлат 5,0 фоизро ташкил дода, 2,5% валодати аз мущлатгузашта, дар гурӯҳи муқоисавӣ ин нишондод мутоносибан 70,0 фоиз ва 25,0 фоизро ва 5% валодати аз мӯҳлат гузаштаро ташкил додааст. Хулоса: Нақши пешбаранда дар натиҷаи бомуваффақияти ҳомиладорӣ ва таваллуд дар занони гирифтори гипертензияи музмин , ки таърихи бачапартоӣ доранд, истифодаи прогестерон аз лаҳзаи ҳомиладорӣ то 36 ҳафтаи ҳомиладорӣ мебошад.
Дар мақола микробиотаҳои бинии беморони гирифтори ринити аллергӣ (РР) синнашон аз 7 то 17 сола, ки дар ноҳияи Мӯйноқ дар баҳри Арал зиндагӣ мекунанд, баррасӣ мешавад. Микробиота дар нигоҳ доштани гомеостаз ва равандҳои иммунӣ ва мубодилаи моддаҳо дар бадан нақши муҳим мебозад. Таркиби он аз ҳолати системаи иммунӣ, таъсири муҳити зист, синну сол ва тарзи зиндагӣ вобаста аст, ки боиси тағироти динамикии биосеноз мегардад. Қорақалпоқистон дар минтақаи буҳрони экологии баҳри Арал ҷойгир аст: хушкшавии баҳр, шӯршавии замин, тӯфони чангу ғубор ва ифлосшавии ҳаво бо афзоиши бемориҳо, аз ҷумла патологияҳои аллергӣ, ки ҳар се сокини минтақаро ташкил медиҳад, ҳамроҳӣ мекунад. Омилҳои муҳити зист ба тағирёбии луобпардаи бинӣ ва афзоиши шумораи бактерияҳо мусоидат мекунанд. Staphylococcus aureus махсусан муҳим аст, зеро тадқиқот нишон медиҳад, ки он бандшавии биниро зиёд мекунад, ринит ва синуситро шадидтар мекунад ва ба музмин мусоидат мекунад.
Мақсад: арзёбии ҳолатҳои бемории саратони ғадуди зери меъда ва фавт аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2024. Мавод ва усулҳо: дар Маркази омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 646 ҳолати ба қад гирифтаи саратони ғадуди зери меъда таҳлил карда шуданд. Паҳншавии беморӣ ва фавт аз рӯи ҷинс, синну сол ва марҳилаҳо арзёбӣ карда шуд. Барои баҳодиҳии фавт аз саратон ҳолатҳои марг дар соли ҳисоботӣ аз байни бемороне, ки дар охири соли қаблӣ ба ҳисоб гирифта шуда буданд, таҳлил гардиданд. Натиҷаҳо: муайян гардид, ки шумораи беморони гирифтори саратони ғадуди зери меъда сол ба сол меафзояд, ҳам миёни мардон ва ҳам занон. Дар байни тамоми омосҳои бадсифати бори аввал ба қайд гирифташуда саратони ғадуди зери меъда 2,0–2,8%-ро ташкил медиҳад. Мардон (53%) каме бештар аз занон (47%) гирифтор мешаванд. Баландтарин нишондиҳандаҳо дар синни 55–64 сол мушоҳида шуданд (39,9%). Дар ҳар ду ҷинс, саратон дар 73,1% ҳолат дар синни аз 55 сол боло дарёфт шудааст. Таҳлили марҳилавӣ нишон дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55,7% беморон дар марҳилаҳои I–II, 14,4% дар марҳилаи III ва 29,1% дар марҳилаи IV ошкор шудаанд. Дар сохтори умумии фавт аз омосҳои бадсифат миёни аҳолӣ, фавт аз саратони ғадуди зери меъда дар солҳои 2018–2024 2,22–3,76% ташкил дод. Аз миёни беморони сабтшуда дар оғози соли ҳисоботӣ, дар давоми сол 19,3–51,5% фавтидаанд. Хулоса: дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифторӣ ва фавт аз саратони ғадуди зери меъда бо суръати ба ланд афзоиш меёбад. Мардон каме бештар аз занон гирифтор мешаванд (53% бар 47%), гарчандефарқиятҳо дар сохтори ҷинсӣ каманд (нақшаи 1,1:1). Баландтарин нишондиҳандаҳои беморӣ дар синну соли аз 55 сол боло (73,1%) мушоҳида шуданд. Баръакси маълумотҳои хориҷӣ, дар Тоҷикистон беш аз нисфи ҳолатҳо (55,7%) дар марҳилаҳои I–II ташхис шудаанд, ки ин метавонад ба хусусиятҳои ҳисоботи оморӣ ва марҳилабандӣ вобаста бошад. Фавт аз саратони ғадуди зери меъда дар сохтори ҳамаи омосҳои бадсифат 2,22–3,76%-ро ташкил дода, дар миқёси худи беморони саратони ғадуди зери меъда фавти солона 19,3–51,5% -ро ташкил дод.
Мақсад: омӯзиши самаранокии сӯзандоруҳои скинбустерҳо (тақвиятдиҳандаҳои пӯст) дар беморони гирифтори тағйироти вобаста ба синну сол дар пӯсти рӯй аз рӯи маълумоти натиҷаҳои фаврӣ ва дарозмуддат. Мавод ва усулҳо: кор дар МДТ “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои пӯст”-и шаҳри Душанбе дар солҳои 2021-2024 анҷом дода шуд. Таҳқиқот 96 нафар занони доимии шаҳри Душанберо бо хроно ва фотопиршавӣ (фотостарение) аз 35 то 65 сола (синни миёна 49,54 ± 7,57 сола) фаро гирифт, ки барои кӯмаки косметикӣ муроҷиат кардаанд. Дараҷаи пиршавии пӯст аз рӯи шкалаи визуалии MERZ муайян карда шуд, ҳангоми фотопиршавӣ шкалаи Р. Глогау ва барои муайян кардани индекси умумии пиршавӣшкалаи GAIS истифода карда шуд. Скинбустерҳо (Restylane Vital Lidocaine) бо истифода аз техникаи бисёр пунксияи (мултипунктурӣ) хатти кӯтоҳдоштаи 0,01-0,02 мл, бо фосилаи байни сӯзандоруҳо аз 0,5 то 1 см ворид карда шуданд. Ба беморон 3 расмиёти (процедура) ворид кардани скинбустерҳо дар ҳаҷми 2 мл бо фосилаи 1 моҳ D01-M01-M02 гузаронида шуд. Натиҷаҳо: дар тадқиқоти мо, ки якчанд марҳилаҳои таҳлили усулҳоро дар бар мегирад, натиҷаҳои фаврӣ (3-5 моҳ) ва дарозмуддат (12 моҳ аз оғози табобат) пешниҳод карда мешаванд. Дар марҳилаи аввал арзёбии клиникии беморони гирифтори тағйироти инволютсионии пӯст (ТИП) гузаронида шуд. Ҳангоми нишонаҳои ибтидоии фотопиршавӣ (марҳилаҳои I ва II) сӯзандоруҳоро бо скинбустерҳо истифода бурдан мумкин аст, дар марҳилаҳои мӯътадил ва вазнинбарои ба даст овардани таъсири намоён ва пойдор, табобатро бо пуркунандаҳо дар якҷоягӣ бо усулҳои сахтафзор тақвият додан лозим аст (фраксияи эрбиум ё лазери CO2, технологияи RF, IPL, Altera-терапия ва ғайра). Дар марҳилаи дуюм беморон ба ду гурӯҳи табобатӣ тақсим карда шуданд. Занони муоинашудаи гурӯҳи I бо истифода аз усулҳои ғайриҷарроҳии ислоҳи косметикӣ назар ба ҳамсолони худ аз гурӯҳи II, ки бори аввал барои ёрии косметикӣ муроҷиат кардаанд, ҷавонтар буданд. Дар марҳилаи сеюми тадқиқот, самаранокии клиникии сӯзандоруҳои скинбустерҳо аз рӯи натиҷаҳои фаврӣ ва дарозмуддати истифодашаванда (5 ва 12 моҳ) ҳангоми хронопиршавӣ (хроностарения) дар занон дар ду гурӯҳ омӯхта шуд. Натиҷаҳои тадқиқот беҳбудии назарраси сифати пӯсти рӯйро пас аз тазриқи кислотаи гиалуронӣ (сГК) бо лидокаин тавассути усулҳои тазриқӣ нишон доданд. Тавсия дода мешавад, ки табобат бо скинбустерҳо сГК пас аз 6-12 моҳ барои натиҷаҳои беҳтарин дар ислоҳи нишонаҳои хронопиршавӣ такрор карда шавад. Хулоса: таҷрибаи хоксоронаи мо дар бораи равиши дифференсиалӣ табобати тадриҷии курси бо истифода аз сӯзандоруҳои скинбустерҳо, ба талаботи муосир барои татбиқ дар амалияи ҳаррӯзаи дерматологӣ, ки ба беҳтар кардани сифати ёрии тиббию косметикӣ ба занон нигаронида шудааст, ҷавобгӯ аст.
Максад: арзебии самаранокии вентиляция дар беморони гирифтори ихтилоли шадиди гардиши мағзи сар аз рӯи намуди геморрагӣ. Мавод ва усулҳо: таҳлили ретроспективии таърихи бемории 480 бемори бо вайроншавии шадиди гардиши хуни мағзи сар аз рӯи намуди геморрагӣ ва ишемикӣ дар солҳои 2018-2022 гузаронида шуд. Синни миёнаи беморон 62,9±11,4 солро ташкил дод. Мардон 217 (45,2%) бемор ва занон 263 (54,8%) — ро ташкил медиҳанд. Шикоятҳои бемор, хешовандон (дар сурати набудани тамоси шифоҳӣ), омӯзиши анамнез, ташхиси умумиклиникӣ, арзебии ихтилоли неврологӣ, усулҳои нейровизуализат сионии таҳқиқот (томографияи компютерӣ ва магнитӣ-резонансӣ), таҳқиқоти офтальмологӣ, ташхиси неврологӣ ва реаниматсионӣ ҷамъоварӣ карда шуданд. Натиҷаҳо: вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ, гематомаҳои дохилимағзӣ чунин тақсим карда шуданд: дар қисми пеш сар 33 (6,9%), дар қисми қафои сар 26 (5,4%), дар гемисфераҳои мағзи сар 43 (9,0%), дар шакли хунравии меъдачаҳои майнаи сар 81 (16,7%) ва дар қисмҳои тана – тема 297 (61,9%). Яке аз нишонаҳои асосӣ вайроншавии сатҳи шуур буд ва он аз рӯи миқеси Комаи Глазго баҳо дода шуд. Вазнинии ҳолати бемориҳо аз рӯи меъерҳои зерин арзебӣ карда шуд: чуқурии сатҳи шуур, баландии фишори хун, синну сол ва ҳолати соматикии ҳамроҳ. Пас аз арзебии дақиқи ҳолати умумӣ, мақоми соматикӣ, синну сол, сатҳи шуур ва инчунин мувофиқи маълумоти томоденситометрикӣ, беморон во баста ба тактикаи табобат ҷудо карда шуданд. 157 (32,7%) ба беморон барои ҷарроҳӣ нишондод дода шудааст. Марги беморони синни ҷавон 33,9%-ро ташкил дод, ки дар аксари наҷотефтагон натиҷаи нисбатан мусоиди беморӣ ва дар беморони синни калонсол марговар буд. Аксари беморон (73,7%) дар давоми 7 рӯзи дастгирии нафаскашӣ мемиранд, ки ин бештар бо осеби мағзи сар алоқаманд аст. Хулоса: арзебии муносиби пешгӯии беморӣ ва натиҷаҳои пешбинишуда дар ин категорияи беморони ниёзманди нафаси сунъи на танҳо ба табибон, балки ба оилаҳои беморон низ зарур аст.
Мақсад: муайян кардани сохтори этиологии микроорганизмҳое, ки аз сироятҳои беморхона ҷудо карда шудаанд, дар минтақа, пешниҳоди тавсифи микробиологии патогенҳои беморхона ва таҳияи усули муайян кардани штаммҳои беморхона. Мавод ва усулҳо: таҳлили ретроспективии маълумот аз 5 соли охир гузаронида шуд. Сохтори этиологии сироятҳои беморхона дар намунаҳои клиникии гирифташуда аз волидон, навзодон ва беморони баъдиҷарроҳӣ, инчунин дар тампонҳо аз намунаҳои муҳити зисти муассисаҳои тиббӣ омӯхта шуд. Штаммҳои беморхона бо муайян кардани ҳассосияти онҳо ба антибиотикҳо ва тартиб додан ва муқоисаи антибиограммаҳои фарҳангҳои бактериявӣ, ки аз беморон ҷудо карда шудаанд ва намунаҳои муҳити зист муайян карда шуданд. Натиҷаҳо: сатҳи паҳншавии сироятҳои аз беморхона ба вуҷуд омада тамоюли коҳишро нишон дод (T sn = 8.6), ки бо тамоюли умумӣ дар Ӯзбекистон мувофиқ аст. Дар байни изолятҳои S. aureus, E. coli, P. aeruginosa ва K. pneumoniae, басомади баланди штаммҳои ба доруҳои гуногун тобовар мушоҳида шуд, ки ҳассосиятро танҳо ба фторхинолонҳо нигоҳ дошт. Хулосаҳо: 1. Сатҳи паҳншавии сироятҳои аз беморхона ба вуҷуд омада тамоюли коҳишро нишон дод (T sn = 8.6), ки бо тамоюли умумӣ дар Ӯзбекистон мувофиқ аст. 2. Дар байни изолятҳои S. aureus, E. coli, P. aeruginosa ва K. pneumoniae, басомади баланди штаммҳои ба доруҳои гуногун тобовар мушоҳида шуд, ки ҳассосиятро танҳо ба фторхинолонҳо нигоҳ дошт.
Мақсад: омӯзиши хусусиятҳои бемориҳои асосии гӯшу гулӯ ва бинӣ дар шахсоне, ки ба касбҳои овозӣ ва нутқ машғуланд ва таҳлили муқоисавии паҳншавӣ, омилҳои хавф ва зуҳуроти клиникии онҳо. Мавод ва усулҳо: дар клиникаи ЛОР-и Маркази миллии тиббии «Шифобахш» дар маҷмӯъ 163 нафар (78 зан ва 85 мард), ки ба касбҳои овозӣ ва нутқ шуғул, ки гирифтори бемориҳои функсионалӣ ва органикии ханҷара буданд, муоина шуданд. Синну соли миёнаи беморон 36,5 сол буд. Беморон аз рӯи паҳншавии бемории ханҷара дар овозхонҳо (гурӯҳи асосӣ) ва касбҳои суханронӣ (гурӯҳи муқоисавӣ) ба ду гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ҳамаи кормандон аз муоинаи умумии ЛОР, ларингоскопияи видеостробоскопӣ ва сабти овоз гузаронида шуданд. Натиҷаҳо: интихоб аз рӯи касб ба овозхонҳо (вокалисто) ва сухангӯйҳо, аз ҷумла муаллимон, актёрҳо ва мурабиёни кӯдакон, инчунин шахсони алоҳидаи дигар касбҳо (соҳибхоназанҳо, ронандагон, корга рони чакана ва ғайра) тақсим карда шуданд. Ташхисҳои маъмултарин дар байни овозхонҳо бемориҳои функсионалии ханҷара, ба монанди дисфонияи гипотоникӣ ва гипертоникӣ буданд. Ба бемориҳои органикии ханҷара ларингитҳои шадид ва музмин дохил мешаванд. Дар байни логопедҳо мо пеш аз ҳама бемориҳои органикии ханҷара, аз қабили ларингит шадид ва музмин ва салилаҳои чинҳои овозро мушоҳида кардем. Бемориҳои функсионалӣ дисфонияи гипотоникӣ ва гипертоникӣ ва афонияи функсионалӣ буданд. Хулоса: дар клиникаи ЛОР шахсони алоҳидаи касбҳои овозӣ, аз ҷумла овозхонҳо, дикторҳо, лекторҳо ва муаллимонро мушоҳида кардем. Ихтитлолҳои маъмултарини ханҷара дар ин беморон дисфонияи функсионалии гипо ва гипертоникӣ, инчунин фонастения буданд. Тағйироти назарраси морфологӣ гиреҳҳои овозӣ, ларингитҳои катаралӣ ва музмин, хуншории чинҳои овозӣ ро дар бар мегирифтанд. Натиҷаҳое, ки ёфта шуданд аҳамияти пешгирӣ ва табобати саривақтии бемориҳои ханҷараро, махсусан дар касбҳое, ки сарбории баланди овозро талаб мекунанд, нишон доданд.




