Журнал «Вестник медико-социального института Таджикистана» является научно-медицинским рецензируемым журналом. Основан в 2021 году. Учредителем является НОУ Медико-социальный институт Таджикистана. Издательство выпускает материалы на таджикском, русском и английском языках, покрывая широкий спектр тем: от общих вопросов медицины, биологии и фармации до организации здравоохранения, фундаментальной науки и клинической медицины, а также охраны окружающей среды и генетики с иммуногенетикой.
За годы существования журнал «Вестник медико-социального института Таджикистана» стало популярным медицинским изданием в Республике Таджикистан среди практикующих врачей, научных работников, и преподавателей.
Журнал «Вестник медико-социального института Таджикистана» представляет собой платформу, где могут быть опубликованы оригинальные исследовательские работы, обзоры, практические рекомендации, уникальные и дидактические клинические случаи и краткие сообщения, посвященные проблемам медицины и здравоохранения и актуальные как в Таджикистане, так и за рубежом. Приоритетными для журнала являются материалы с высоким уровнем научной доказательности, оформленные в соответствии с международными этическими требованиями и способные вызвать интерес таджикских и иностранных авторов и читателей.
На сегодняшний день в состав редколлегии и редсовета входят учёные из Таджикистана, Российской Федерации, страны СНГ, США и Европы. Указанные специалисты представляют почти все специальности по 3 направлениям: клиническая медицина, профилактическая медицина и фармацевтические науки.
Решением Высшей аттестационной комиссии при Президенте Республики Таджикистан (от 30 апреля 2026 года №05) журнал «Вестник медико-социального института Таджикистана» включён в список рецензируемых научных изданий Республики Таджикистан, в которых должны быть опубликованы результаты диссертаций на соискание ученой степени кандидата и доктора медицинских наук по 3 направлениям:
- 3.1. Клиническая медицина
- 3.2. Профилактическая медицина
- 3.4. Фармацевтические науки
Все статьи журнала размещаются в открытом доступе (pdf-формат) в Научной электронной библиотеке (система РИНЦ) и на сайте журнала.
Журнал зарегистрирован Министерством культуры Республики Таджикистан (Свидетельство о регистрации № 197/ЖР-97 от 20.05.2021 г.). Вновь перерегистрирован 04.07.2024 г, №367/ЖР-97.
Масъалаи ҷорӣ
ОРИГИНАЛЬНЫЕ СТАТЬИ
Мақсад: таҳқиқ кардани самаранокии бактериофагҳои поливалентӣ дар пешгирии бемориҳои шадиди сироятӣ ҳангоми ашхосе, ки бо беморон дар тамос буданд.
Мавод ва усулҳо: тайи соли 2025 дар беморхонаи шаҳрии сироятии Тошкент беморон, инчунин аъзоёни оилаи онҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз сирояти шадиди рӯдаҳо ранҷ мекашиданд. Дар рафти таҳқиқ усулҳои бактериологӣ, эпидемиологӣ, молекулярӣ-генетикӣ ва оморӣ ба кор бурда шуданд.
Натиҷаҳо: намунаи фазлаи 150 беморе мавриди омӯзиш қарор дода шуд, ки ба беморхонаи шаҳрии сироятии Тошкент бо ташхиси сирояти шадиди рӯдаҳо (СШР) ворид шуда буданд. Ангезанда дар мавриди 41 (27,3%) бемор муайян карда нашуд. Ҳангоми 79 (52,7%) бемор ангезандаи бактериявии СШР, вирусии СШР ва ангезандаи аслашон омехта (бактериявӣ + вирусӣ) ошкор карда шуд. Барои муқоиса кардани самаранокии ду бактериофаг 44 бемор муолиҷаро тавассути препарати «Intestifag» ва 35 бемор бошад, аз тариқи препарати «Gastrofag» қабул кардан. Ҳангоми тестикунонии РЗП-и такрорӣ, ки Intestifag қабул карданд, патогенҳо ошкор нагардиданд. Зимни гурӯҳе, ки ҳангоми онҳо препарати Gastrofag ба кор бурда шуд, патогенҳо дар ду ҳолат зоҳир карда шуданд.
Хулоса: аз ҷониби мо ошкор карда шуд, ки ҳам бактерия ва ҳам вирусҳо дар этиологияи сирояти шадиди рӯдаҳо нақши муҳим доранд. Бактериофагҳои поливалентии Intestifag ва Gastrofag дар пешгирии фаврӣ ҳангоми таъсир расонидан ба бактерияҳо фарқи ҷиддие нишон надоданд. Ҳар ду дараҷаи баланди натиҷабахшӣ нишон доданд. Аз ин рӯ бактериофагҳо на танҳо ба сифати воситаҳои муолиҷавӣ, балки ҳамчун алтернативаи муҳими антибиотикҳо дар стратегияи пешгирӣ тавсия мешаванд.
Мақсад: омӯзиши самаранокии амалинамоии нефролитотрипсияи перкутанӣ дар мавриди кӯдаконе, ки гурдаашон санги калон дорад ва пешгирии оризаҳо.
Мавод ва усулҳо: ба таҳқиқ 52 кӯдаки гирифтор ба санги калони гурда фаро гирифта шуданд, ки ҳангоми онҳо ЛТПН татбиқ шудааст. Ба гурӯҳҳои таҳти таҳқиқ кӯдакон дар синни аз 1 то 18 сола ворид карда шуданд. Андозаи сангҳо 1,65 ± 0,6 см-ро ташкил медоданд. Сангҳои калони дутарафаи гурда дар мавриди 15 (28,9%) кӯдак ва яктараф бошад, зимни 37 (71,1%) бемор мавҷуд буд.
Натиҷаҳо: ҳангоми кӯдаконе, ки аз сангҳои калони дутарафа ранҷ мекашиданд, дар мавриди онҳо нефролитотрипсияи перкутании думарҳалагӣ, аввал аз як тараф ва баъдан аз тарафи дуюм татбиқ гардид. ЛТПН-и яклаҳзаина фақат дар мавриди 7 нафар татбиқ гардид. Барои амалинамоии нефролитотрипсияи перкутании яклаҳзаина мавҷудияти сангҳои калони гурда аз ду тараф, набудани клинникаи пиелонефрити шадид, дар таҳлили пешоб набудани афзоиши микрофлора, зичии паст ва миёнаи санги гурда (мутаносибан 360 – 850 Воҳ ва 900 – 1200 Воҳ), набудани бемории музмини гурда ва гидронефрози сироятёфта ба назар гирифта шуданд.
Хулоса: нефролитотрипсияи перкутанӣ ҳангоми сангҳои калони гурда усули дарааҷаи самаранокиаш баланд ба ҳисоб меравад, вале як қатор оризаҳо, бар шумули раванди сироятӣ, хунравӣ ва хатари иллатнокшавии узвҳои ҳамшафатро ҳамроҳ дорад. Раванди сироятӣ-илтиҳобӣ ва хунравӣ оризаи нисбатан бештар рухдиҳанда буда, оптимизатсияи усулҳои пешгирии зиддибакатериявӣ ва истифодаи технологияи муосири гемостазро тақозо менамояд. Таҳияи равиши инфиродикунонидашуда ба беморони мубтало ба сангҳои калони гурда ва татбиқи усулҳои инноватсионии муолиҷа метавонанд басомади оризаҳоро хеле кам карда, оқибатҳоро беҳбуд намоянд. Татбиқи технологияи нав, ба монанди амалиётҳои минниперкутанӣ, мултидастрасӣ, истифодаи энергияҳои гуногун барои буридани сангҳо дар амалияи урологӣ, амалиётро нисбатан самаранок ва дар синни кӯдакон бехтар мегардонад.
Мақсад: омӯзиши механизми таъсири сирояти TORCH дар раванди ташаккулёбии нуқсонҳои модарзодии инкишоф ва нуқсонҳои хромосомавӣ.
Мавод ва усулҳо: таҳқиқ ба асоси таҳлили ретроспективии натиҷаи муоинаи 6343 зани ҳомила тайи солҳои 2021 то 2025 роҳандозӣ шудааст. Бо усули таҳлили иммуноферменти (ТИФ)-и дар 606 зани ҳомила подтани синфҳои IgM ва IgG ба ангезандаҳои сироятӣ муайян карда шуд. Таҳқиқи ултрасадоӣ (ТУС) бо дарназардошти триместри ҳомиладорӣ истифода шуд. Коркади оморӣ бо истифода аз барномаи махсуси STATISTICA -2016 ба амал оварда шуд.
Натиҷаҳо: натиҷаҳои скрининги I ва II ба сироятӣ TORCH нишон доданд, ки дар тӯли се сол дар ҳар зани дуюми ҳомила мавҷудияти сирояти вирусӣ ба назар мерасад. Дар байни 606 зани ҳомила 40,0% аз сироят ранҷ мебурданд, дар ҳар зани сеюм нишонаи анамнези вазниншудаи акушерӣ ошкор карда шуд, ҳар зани шашум дар никоҳи наздикӣ хешутаборӣ қарор доштанд, синни ҳар зани даҳум аз 35-сола боло буд. Теъдоди ҳодисаҳои ошкор кардани НМИ дар триместри II ҳомилагӣ, дар муқоиса ба триместри I, қариб се баробар зиёд гардид. Сироят ба сифати омили асосӣ, зимни 44, 0% муайян гардид.
Хулоса: ҳиссаи ситомегаловирусҳо дар сохтори сабабҳои инкишофи НМИ аз 50,0% зиёдтар аст. Сирояти ВСМ, дар давраи органогенез ва инкишофи ҷанин, ҳамчун омили ташаккулдиҳандаи НМИ, дар ҷойи ифтихории аввал қарор дошт. Анамнези вазнини акушерӣ, дар сохтори сабабҳои НМИ, мақоми дуюм ва никоҳи хешовандони наздик бошад, дар ҷойи сеюм қарор дошт.
Мақсад: арзёбии самаранокӣ ва бехатарии кимиёдармонии дохилишикампардагии аэрозолӣ таҳти фишор (PIPAC) дар таркиби муолиҷаи мултимодалии занҳои бемори гирифтор ба саратони паҳншудаи тухмдон ва кансероматози перитонеалӣ.
Мавод ва усулҳо: таҳлили ретроспективӣ-проспективии муолиҷаи 129 бемор ба амал оварда шуд. Гурӯҳи асоси (n=53)-ро занҳои беморе ташкил медоданд, ки тайи солҳои 2023–2025 PIPAC қабул карданд; гурӯҳи санҷишӣ (n=76) бошад, аз бемороне иборат буд, ки ҳангоми онҳо кимиёдармонии стандартӣ ба амал оварда шудааст. Шохиси кансероматози перитонеалӣ (peritoneal cancer index – PCI), регрессияи морфологии омос (peritoneal regression grading score – PRGS), ҷавоб тибқи RECIST 1.1, сатҳи CA-125, HE4, шохиси ROMA, зиндамонӣ бе авҷгирӣ (progression‑free survival – PFS), зиндамонии умумӣ (overall survival – OS), заҳрогинӣ (CTCAE v5.0) ва сифати умр (EORTC QLQ-C30/OV28) арзёбӣ карда шуд.
Натиҷаҳо: дар гурӯҳи асосӣ марҳалаи III, тибқи FIGO, ҳангоми 47 (88,7%) зани бемор ва IV бошад, дар мавриди 6 (11,3%) нафар зоҳир карда шуд. Медианаи PCI аз 36 [31; 39] то 28 [22; 34] хол (p=0,038) коҳиш ёфт. Камшавии CA-125 >50% зимни 73,6% (p=0,021), HE4 >50% бошад, дар 65,8% (p=0,017), ROMA >25% ҳангоми 62,3% (p=0,024) ба қайд гирифта шуд. Регрессия PRGS 1–2 дар мавриди 60% даст дод. Камшавии ассит ҳангоми 61,5% (p=0,029), синдроми дард бошад, дар 66,7% (p=0,014) ба назар мерасид. ORR 52,8% муқобили 36,8% дар гурӯҳи санҷишӣ (RR=1,43; 95% ДИ 1,02–2,01; p=0,041), DCR бошад, 86,8% муқобили 73,7% (RR=1,18; 95% ДИ 1,01–1,39; p=0,048)- ро ташкил медод. Медианаи PFS 14,8 муқобили 10,2 моҳ (HR=0,68; 95% ДИ 0,47–0,94; p=0,032), OS бошад, 24,6 муқобили 18,1 моҳ (HR=0,71; 95% ДИ 0,52–0,97; p=0,041)-ро ташкил дод. Сифати умр аз 52 то 68 хол (p=0,009) боло рафт. Заҳрогини қобили қабул буд.
Хулоса: дар муолиҷаи мултимодалӣ ба кор бурдани PIPAC ба коҳиш ёфтани сарбории перитонеалии омос, беҳбудии санҷиши мавзеӣ, таназзули ассит ва синдроми дард, инчунин боло рафтани сифати умри занҳои бемор мусоидат намуд.
Мақсад: омӯзиши самаранокии пешгирии кимиёдармонӣ, ки дилбеҳузурӣ ва қайро ҳосил менамояд.
Мавод ва усулҳо: таҳқиқи проспективӣ бо ҷалб намудани бемороне ба амал оварда шуд, ки бо иқтидори эматогении гуногун кимиёдармонӣ қабул кардаанд. Зуҳурёбии дилбеҳузурӣ ва қай бо истифода аз шкалаи CTCAE v5.0 дар давраи шадид (0–24 соат) ва таъхирафтодаи (24–120 соат) баъди татбиқи кимиёдармонӣ арзёбӣ гардид. Таҳлили вобаста ба хатари эмамтогении таъйини реҷаҳои муолиҷа ба амамл оварда шуд.
Натиҷаҳо: дар мавриди аксари беморон назорати самараноки симптомҳои CINV мушоҳида гардид. Дар гурӯҳи кимиёдармонии дараҷаи баланди эмамтогенӣ ҳодисаҳои дилбеҳузурӣ ва қай ба назар нарасид, дар давраи таъхирафтода бошад, қатъан дилбеҳузурии дараҷаи I вазнинӣ бе лаҳзаҳои қай ба қайд гирифта шуд. Дар гурӯҳи реҷаи дараҷаи муътадили эматогенӣ ҳангоми як қисми беморон зуҳуроти сабуки дилбеҳузурӣ ва қайд дар давраи таъхирафтода мушоҳида гардид. Ҳангоми бемороне, ки реҷаи дараҷаи пасти эматогенӣ, таргетнӣ ва масунилоҷӣ қабул карданд, зуҳуроти аз ҷиҳати клиникӣ муҳими CINV ба қайд гирифта нашуд. Ҳангоми даврҳои баъдинаи муолиҷа тамоюл ба афзоиши зуҳуроти симптомҳо ошкор нагардид.
Хулоса: истифодаи нақшаи зиддиэметӣ ҳам дар давраи шадид ва ҳам таъхирафтода, ки дилбеҳузурӣ ва қай ҳосил мекунад, назорати самараноки кимиёдармониро таъмин менамояд. Натиҷаҳои ҳосилшуда мақсаднок ба кор бурдани равишҳои муосири омехтаи зиддиқайро тасдиқ ва имконоти назорати қаноатбахши CINV-ро ҳатто дар шароити дастрасии маҳдуди препаратҳои алоҳидаи зиддиэметӣ нишон медиҳад.
Мақсад: омӯзиши хусусиятҳои тасдиқи лабораторӣ ва лапароскопии бемориҳои римӣ-уфунии узвҳои коси хурд.
Мавод ва усулҳо: таҳқиқот дар заминаи таҳлили 139 зани бемори гирифтор ба патологияи римӣ-уфунии узвҳои коси хурд ба роҳ монда шудааст. Ба гурӯҳи занҳои гирифтор ба бемориҳои римӣ-уфунии узваҳои коси хурд шомил буданд: аднексити шадиди римнок – 45 (32,4%), салпингити шадиди римнок - 24 (17,3%), римкунии кистаи тухмдон – 58 (41,7%) ва ТОА – 12 (8,6%). Дар мавриди тамоми занҳои бемор усулҳои клиникӣ-лаборатории таҳқиқ ва ҳангоми занҳои гурӯҳи асосӣ бошад, лапароскопия татбиқ гардид.
Натиҷаҳо: барои бармаҳал ошкор кардани пелвиоперитонити идомаёбандаи пасазҷарроҳӣ ва думмалҳои дохилишикамӣ усули ташхиси лабораторие таҳия карда шуд, ки ба асоси арзёбии маркерҳои ҷавоби системавии илтиҳобӣ роҳандозӣ шудааст. Дар мавриди занҳои бемори гирифтор ба патологияи римӣ-уфунии узвҳои коси хурд саҳеҳан баланд шудани сатҳи интерлейкини 6, МСО ва МДА, ошкор гардид, ки аз фаъолшавии равандҳои масмумияти эндогенӣ ва стресси оксидативӣ дарак медиҳад. Натиҷаҳои лапараскопияи ташхисӣ басомади баланди ихтилоф байни ташхиси пешакӣ ва ниҳоиро нишон доданд. Теъдоди максималии ташхиси ғалат (23,2%) дар мавриди бемороне ба қайд гирифта шуд, ки ҳангоми онҳо дар ҳолати салпингити шадиди римнок ва пелвиоперитонити тасдиқшуда, аз апоплексияи тухмдон, ҳомилагии хориҷибачадонӣ ва илтиҳоби шадиди кӯррӯда гумонбар шуданд. Маълумотҳои бадастомада дараҷаи баланди маълумотнокии лапараскопияро дар ташхиси патологияи таъхирнопазири гинекологӣ тасдиқ менамоянд.
Хулоса: сатҳи баланди интерлейкини 6 дар якҷоягӣ бо маркерҳои стресси оксидативӣ (МСО ва МДА) метавонад ба сифати меъёри иловагии вазнинии раванди римӣ-илтиҳобӣ ва хатари авҷ гирифтани пелвиоперитонит хизмат кунанд. Лапароскопияи ташхисӣ усули дараҷаи баланди маълумотнокии тасдиқи бемориҳои римӣ-уфунии узвҳои коси хурд ба шумор рафта, ташхиси аниқ ва имконоти иҷрои амалиёти муолиҷавиро таъмин менамояд.
Мақсад: дар асоси таҳлили муқоисавӣ муайян намудани омилҳои мустақили клиникӣ, метаболикӣ ва рафторӣ, ки бо пешравии босуръати бемории музмини гурда (БМГ) дар беморони марҳилаҳои C3–C4 алоқаманданд.
Мавод ва усулҳо: ба тадқиқоти ретроспективӣ 483 бемор бо БМГ-и марҳилаҳои C3–C4 ворид карда шуданд. Пешравии босуръат ҳамчун пастшавии суръати филтратсияи калобачавӣ (СФК) >5 мл/мин/1,73 м² дар як сол ё гузариш ба терапияи ҷойгузини гурда муайян карда шуд. Беморон ба гурӯҳи пешравии босуръат (ПБ, n=158) ва пешравии суст (ПС, n=325) тақсим шуданд. Таҳлили нишондиҳандаҳои демографӣ, клиникӣ, лабораторӣ ва риояи табобат гузаронида шуд. Меъёри t-и Студент, U-меъёри Манн–Уитни, χ² ва регрессияи логистикии бинарӣ истифода шуданд.
Натиҷаҳо: дар гурӯҳи ПБ паҳншавии баланди тамокукашӣ (47,5% муқобили 28,3%), қабули доруҳои ғайристероидии зиддиилтиҳобӣ (ДҒЗИ: 26,6% муқобили 16,9%), норасоии музмини дил (НМД: 36,7% муқобили 24,6%) ва нефропатияҳои иммуноилтиҳобӣ, инчунин протеинурияи возеҳтар, фишори баланди хуни систоликӣ ва риояи пасти табобат мушоҳида карда шуд. Предикторҳои мустақили пешравии босуръат инҳо буданд: протеинурия >1,5 г/рӯз (НИ=4,8), фишорбаландии шараёнии назоратнашаванда (НИ=3,2), риояи пасти табобат (НИ=2,9), HbA1c >8% (НИ=2,5), гиперфосфатемия >1,6 ммол/л (НИ=1,9) ва тамокукашӣ (НИ=1,7).
Хулоса: пешравии босуръати БМГ фенотипи клиникию метаболикиро бо бартарияти нефропатияҳои иммуноилтиҳобӣ, протеинурияи аён, фишорбаландии назоратнашаванда ва риояи пасти табобат ба вуҷуд меорад. Маълумоти мазкур зарурати стратегияҳои маҷмӯиро барои назорати омилҳои хатари тағйирёбанда ва бартараф кардани монеаҳои рафторӣ асоснок мекунанд.
Мақсад: омӯзиши хусусиятҳои иҷтимоӣ-демографӣ, перинаталӣ ва бармаҳали клиникии кӯдакони гирифтор ба РАС дар ш. Душанбе.
Мавод ва усулҳо: таҳқиқоти проспективии арзии тавсифӣ-таҳлилӣ бо ҳамзамон анкетакунонии падару модари 280 кӯдаки гирифтор ба ИДА ба амал оварда шуд. Ҷузъи проспективӣ мувофиқи барномаи пешакӣ таҳиягардида аз ҷамъоварии мақсадноки маълумотҳои аввалӣ иборат буд; ҷузъи арзӣ бошад, арзёбии яклаҳзаинаи хусусиятҳои оилавӣ, тиббӣ-биологӣ ва барвақтии клиникӣ бе назорати баъдинаи динамикиро дар бар мегирифт.
Натиҷаҳо: дар интихоб теъдоди писарҳо 227 (81,1%), қиёсан ба духтарҳо 53 (18,9%), афзалият дошт. Кӯдакони 5-9-сола 110 (39,3%) нафар гурӯҳи синнусолии нисбатан бештарро ташкил медоданд. 72,5%-ро оилаҳои мукаммал, бо ду ва зиёда кӯдак бошад, 75,4% ва ҳолати паст ё миёнаи моддиро бошад, падару модари 84,6% эътироф намуданд. Ҷараёни физиологии ҳамл дар мавриди 36,1%-и модарон; камхунии ҳомилаҳо ҳангоми 42,1%, токсикозҳо зимни 47,1% ва хатари қатъ гардидан ҳангоми 28,2% ба қайд гирифта шуд. Иллати гипоксӣ-ишемии САМ ҳангоми 33,6%-и кӯдакон, госпитализатсия дар давраи неонаталӣ зимни 31,4% ба қайд гирифта шуд. Ба таъхир афтодани суханҳои аввал дар мавриди 60,0%, нутқи иборагӣ бошад, зимни 73,6% ошкор карда шуд. Аввалин нишонаҳои ҳушёрӣ дар мавриди 73,9%-и кӯдакон то 24-моҳагӣ, зуҳуроти асосии таъхири инкишофи нутқ (81,8%), коҳиш ёфтани тамоси босира (76,1%), беэътиноӣ дар ҳолати ном гирифтан (69,6%) ва набудани имою ишора (67,1%) пайдо шуданд. Маълумотҳои ҳосилшуда ба осебпазирии якҷояи иҷтимоӣ, сарбории антенаталӣперинаталӣ ва камбудии бармаҳали иҷтимоӣ-коммуникативиеро нишон медиҳад, ки тақвияти скрининги аввалӣ ва кор бо волидайнро тақозо менамояд.
Мақсад: омӯзиши таъсири липидпасткунии маҷмӯи равғанҳои эфирии “гепатол” ҳангоми таҷриба дар беморони миримӯшони санги талхадон дошта.
Мавод ва усулҳо: модели таҷрибавии гиперлипидемӣ (баланд шудани липидҳо дар зардоби хун) дар миримушон ва бемориҳои ҳамроҳкунандаи ин беморӣ, ки аломатҳои вайроншавии холеметаболики доранд, шуъбаи патофизиология ва фармакологияи эксперименталии МД “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология Ҷумҳурии Тоҷикистон” ш. Душанбе, ба воситаи коркарди парҳезии хушкихолелитогенӣ ва гиперлипидемӣ танзим карда шуд (ПХГЛ). Холестерини умумиро ба воситаи реаксияи дигаркунии Ильком Либермана-Бурхарда дар зардоби хун, ва консертратсияи β-липопротеидҳоро аз рӯи рексияи Бурштейн муайян карда шуд. Липидҳои умумии зардоби хун ва консентратсияи триглисеридҳоро тибқи усулҳои қабул гардида муайян карда шуданд.
Натиҷаҳо: фоизи зиндамондани гурӯҳи табобатнашудаи (намунавии-назоратӣ) мирммушоне, ки хӯроки парҳези хушкро дар муддати 6 моҳ истеъмол намуданд 45,0%-ро муқобили 60,0% гурӯҳи саломатро (гурӯҳи солим), ташкил кард. Дар гурӯҳи таҷрибавӣ, ки миримӯшон маҷмуи равғанҳои эфирии «Гепатол»ро бо дозаи 50,0 мг/кг табобат гирифтанд, фоизи зиндамонии онҳо 70,0% ташкил кард. Миримӯшоне, ки бо доруҳои расмӣ «Олиметин» ва «Хенофалк» бо дозаи 50,0 мг/кг табобат мегирифтанд, фоизи зиндамонии онҳо бо доруи «Олиметин» 55,0% ва «Хенофалк» 45,0% -ро ташкил карданд. Зиёдшавии вазни мирмушоне, ки бо «Гепатол» ва гуруҳи доруҳои расмӣ – «Олиметин» и “Хенофальк”, табобат мегирифтанд, нисбати гуруҳи табобатнашуда, хело паст буданд.
Хулоса: Таҳлили механизми таъсири гиполипидемикии маҷмӯи равғанҳои эфирии «Гепатол» вобаста ба миқдори зиёд будани равғанҳои эфирии орегано, геран, равғани арфабодиён ва равғани донакҳои офтобпараст, ки хосияти гиполипидемӣ, антидоксидантӣ, зидди итиҳоб ва заҳрронӣ доранд, вобастагӣ доранд.
СЛУЧАЙ ИЗ ПРАКТИКИ
Зимни мақола мушоҳидаи клиникии 8 беморӣ гирифтор ба ташхиси гидронефрози азим пешниҳод шудааст, ки дар мавриди онҳо марҳала ба марҳала муолиҷаи ҷарроҳии реконструктивӣ-барқароркунандагӣ татбиқ шуда буд. Барқарор кардани динамикаи пешоб ва ҳифз намудани узв мақсади асосии муолиҷаи ҷарроҳиро ташкил медиҳад.
ОБЗОР ЛИТЕРАТУРЫ
Зимни мақола таҳлили маълумотҳо аз шарҳи адабиёт дар бораи диабети қанд пешниҳод шудааст, ки бемайлона авҷ гирифта, метавонад афзалан ашхоси синни қобилияти меҳнатро иллатнок ва зуд боиси инкишофи оризаҳои системавӣ, иллатнокшавии рагҳо ва ташаккулёбии микро- ва макроангиопатия гардад (1). Зимнан, маълумот дар бораи таъсири манфии гипергликемия ба рагҳои эндотелия оварда шудааст. Муҳиммияти мушкилотро мураккабии ташхиси саривақтӣ ва муолиҷа муайян мекунад. Дар иртибот бо нуктаҳои зикргардида барои амалинамоии таҳқиқоти минбаъдаи илмӣ аз хусуси омӯзиши ҳолати функсионалии эндотелия ҳангоми бемории диабетии гурда далелҳо мавҷуданд.
Зимни ин мақолаи обзорӣ ҳолати масунияти ҳуҷайравӣ ва гуморалӣ дар мавриди бемороне таҳлил карда мешавад, ки аз лейкози шадиди лимфобластӣ (ЛШЛ) то оғози татбиқи поликиёдармонӣ (ПХД) ва пас аз он ранҷ мебурданд. ЛШЛ бо экспансияи клоналии ҳуҷайраҳои ноболиғи лимфоидие тавсиф меёбад, ки боиси иммуносупрессияи зиёд ва инҳирофи омос аз назорати масуният мегардад. Муқаррароти асосии шарҳ: Мақоми масуният то муолиҷа: Дар беморон коҳиш ёфтани сатҳи Т-лимфотситҳо (CD3+), халалёбии таносуби CD4+/CD8+, фишорхӯрии фаъолнокии ситотоксикии ҳуҷайраҳои NK ва норасоии синфи асосии иммуноглобулинҳо (IgG, IgA, IgM) ошкор мегардад. Таъсири кимиёдармонӣ: ба кор бурдани реҷаи шиддатноки КДП боиси лимфопенияи аниқ ва устуворан коҳиш ёфтани потенсиали ҳуҷайраҳои масуният мегардад, ки метавонад ба зиёда аз 6 моҳ баъди анҷом пазируфтани муолиҷа ҳифз шавад. Иртибот бо кардиомасмумият: ба нақши ихтилолоти масуният дар инкишоф ёфтани оризаҳои дилу рагҳо таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Бо далелҳо собит шудааст, ки илтиҳоби системавӣ, халалёбии эндотелиалӣ ва стресси оксидативӣ, ки ҳамчун беморӣ ва ҳам муолиҷа асоснок шудааст, омили асосии иллатнокшавии миокард ва рагҳо ба ҳисоб меравад. Ташхис: Тағйирёбиҳои хоси электрокардиографӣ ва эхокардиографӣ шарҳ дода шудааст, ки ҳамчун маркер кардиомасмумияти бармаҳал шинохта мешавад. Хулоса: дарки васеи робитаи дуҷониба байни ихтилолоти масунӣ ва ҳолати системаи дилу рагҳо барои оптимизатсияи стратегияи мониторинг ва пешгирии оризаҳое шароит фароҳам меорад, ки барои беҳбудии пешгӯйӣ ва сифати умри беморони мубтало ба ЛШЛ ба таври буҳронӣ муҳим аст.





